ДАР ШАҲРАКИ АДРАСМОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД СЕМИНАРИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР МАВЗӮИ «ОГОҲОНИДАНИ АҲОЛӢ ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
30 июни соли 2026 дар бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд семинари интерактивӣ дар мавзӯи «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсионӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ташкил гардида, дар он 22 нафар намояндагони Ҷамоати шаҳраки Адрасмон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва сокинони фаъоли маҳаллӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба хавфҳои эҳтимолии вобаста ба мавзеъҳои мероси уранӣ дар минтақа ва шарҳи чораҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист ҳангоми иҷрои корҳои безараргардонӣ ва барқарорсозии маҳфузгоҳи партовҳои урании №2 «Адрасмон» буд.
Баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ бо мавҷудияти мавзеъҳои мероси уранӣ дар шимоли Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа истихроҷ ва коркарди уран амалӣ гардида, дар натиҷа ҳаҷми зиёди партовҳои радиоактивӣ дар маҳфузгоҳҳои партов ва анборҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст. Дар сурати идоракунии нодуруст, чунин мавзеъҳо метавонанд ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод намоянд. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва ташаккули фарҳанги бехатарии радиатсионӣ аҳамияти махсус дорад.
Мутахассисони лоиҳа барои иштирокчиён як қатор муаррифӣ ва машғулиятҳои интерактивиро баргузор намуда, масъалаҳои асосии бехатарии радиатсионӣ, аз ҷумла назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои эҳтимолан хатарнок, истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва аҳамияти гузаронидани муоинаҳои мунтазами тиббиро шарҳ доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба мавзеъи мероси урании шаҳраки Адрасмон зоҳир гардид, ки дар он давраи шӯравӣ истихроҷи уран анҷом дода шуда, то имрӯз ҳаҷми зиёди партовҳои радиоактивӣ боқӣ мондааст. Ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ оид ба кам намудани таъсири радиатсия дар ҳаёти ҳаррӯза, аз ҷумла истифодаи бехатари заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои об пешниҳод карда шуданд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки семинар барои онҳо имконияти хуби дарёфти донишҳои амалӣ дар самти ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист гардид. Ба андешаи онҳо, маълумоти бадастомада ба истифодаи усулҳои бехатартар дар фаъолияти рӯзмарра мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки ин донишҳо ба дигар сокинони ҷомеа низ интиқол дода шаванд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисони лоиҳа ба саволҳои иштирокчиён вобаста ба сатҳи хавф барои аҳолии истиқоматкунанда дар наздикии маҳфузгоҳҳои радиоактивӣ, назорати сохтмонҳо дар минтақаҳои ҳамшафат, тартиби таҳлили оби нӯшокӣ, назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва мониторинги маҳсулоти озуқавории истеҳсолшаванда дар вилояти Суғд ҷавобҳои муфассал ва қаноатбахш пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми семинар муҳокимаи озод байни иштирокчиён ва мутахассисони соҳаи бехатарии радиатсионӣ баргузор гардида, сокинон имконият пайдо намуданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, андеша ва нигарониҳои худро оид ба вазъи экологӣ дар минтақа баён намоянд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи минтақавии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои безараргардонии мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.